IQNA

Кӯдакони фаластинӣ;  рекорддори узви буридашуда дар таърихи муосир

13:58 - July 19, 2024
рақами хабар: 1839
ИКНА - Ҷанги ваҳшиёнаи Исроил дар Ғазза ба кӯдакон хисороти сангин расонд ва ҳазорон нафар кушта ё захмӣ шуданд ва бисёре аз онҳо бо осебҳои умрбод рӯбарӯ шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, 9 моҳи наслкушӣ дар Ғазза боис шудааст, ки ҳазорон кӯдаки фаластинӣ бо дастикам як узви буридашуда зиндагӣ кунанд.

Шабакаи хабарbb “TRT” рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише дар ин бора навишт, доктор Ғасон Абусайтоҳ, ҷарроҳи англисӣ-фаластинӣ тахмин зада, ки айни замон ҳудуди 5000 кӯдаки як узв ё чанд узви буридашуда вуҷуд доранд.

Бар асоси ин гузориш, ЮНИСЕФ эълом кард, ин мизон нисбат ба поёни соли гузашта, ки ҳудуди 1000 кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза маҷбур ба буридани як ё ҳар ду пои худ шуданд, ба шиддат афзоиш ёфтааст. Корзори наслкушии Исроил ҳеҷ нишонае аз коҳиш нишон намедиҳад.

Доктор Абусайтоҳ гуфт: “Ин бузургтарин гуруҳи қатъи узвҳои кӯдакон дар таърих аст ва аз он ҷо ки неруҳои исроилӣ ба ҳамлаҳо ба Ғазза идома медиҳанд ва ҳамчунон ба шиддат монеи вуруди кумакҳо ва маводи зарурӣ ба Ғазза мешаванд, муроқибатҳои беҳдоштӣ барои ироаи хадамоти пизишкӣ ба ин кӯдакон бисёр душвор шуда аст.”

Ғаззоли 4-сола ва хонаводааш дар ноябри 2023 дар ҳоле, ки қасди фирор ба ҷануби Ғаззаро доштанд мавриди исобати гулулаи танкаи Исроил қарор гирифтанд.

Модари Ғаззол гуфт: Танка боис шуд духтарам пояшро аз даст диҳад. Пизишкон бидуни ҳечгуна имконоте шурӯъ ба буридани пойи ӯ карданд ва духтарам дод мезад.”

Ғазза

Ин танҳо Ғаззол нест. Бисёре аз қатъи узвҳо дар Ғазза дар соати тӯлонӣ ва бидуни беҳушӣ анҷом мешаванд.

Пизишкон ва кадри пизишкӣ дар бемористонҳои серҷамъияте, ки даҳҳо ҳазор фаластинии овора ба дунболи сарпаноҳ ҳастанд, дар утоқҳои ҷарроҳии торики бедуни барқ, бедуни беҳиссӣ ё лавозими беҳдоштӣ шуда кор мекунанд.

Ритоҷ, духтари 8-солаи фаластинӣ дар ҷануби шаҳри Ғазза аз ҳамлаи ҳавоии Исроил, ки ба кушта шудани хонаводааш мунҷар шуд ҷони солим ба дар бурд. Ритоҷ пас аз 2 рӯз мондани дар зери харобаҳо наҷот ёфт. Пизишкон пас аз чандин амали ҷарроҳӣ маҷбур ба буридани пойи ӯ шуданд ва ӯ акнун барои беҳбудӣ талош мекунад.

Ӯ гуфт: “Ҳар рӯз аз садои бомбаборон наметавонам бихобам ва аммо таҳаммул мекунам.”

Дар ҳоле, ки бархе аз кӯдакони фаластинии захмӣ дар Ғазза тавонистаанд андоми худро ҳифз кунанд, теъдоди бештаре аз онҳо як умр шаллу фалаҷ ва паёмадҳои ҳамроҳ бо онро таҷриба хоҳанд кард.

Ҷанги ваҳшиёнаи Исроил дар Ғазза ба кӯдакон хисороти сангин расонд ва ҳазорон нафар кушта ё захмӣ шуданд ва бисёре аз онҳо бо осебҳои умрбод рӯбарӯ шуданд. Наздик ба ниме аз 1.7 миллион овора дар Ғазза кӯдакони беёру ёовар ҳастанд.

Муҳаммад, як навҷавони дигар 2 соат рӯи замин хунрезӣ кард то ин ки мардум тавонистанд ӯро ба бемористон Ал-аҳлӣ, баранд. Муддати кӯтоҳе баъд ба бемористони Камол Адвон интиқол ёфт ва дар онҷо таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифт. Акнун ӯ аз камар ба поин фалаҷ аст ва наметавонад аз пойҳояш истифода кунад.

Муҳаммад гуфт: “Пештар ошиқи бозӣ бо дӯстонам будам, ки теъдоде аз онҳоро дар ҷанг аз даст додам, аммо акнун ба далели маъюбӣ наметавонам бозӣ кунам. Ман футболбозӣ мекардам ва ҳамеша дарвозабон будам.

Бар асоси охирин оморҳо қурбониёни наслкушии режими саҳюнистӣ тайи 286 рӯзи ҷанг аз ҳафтуми октябр то ба имрӯз ба 38 ҳазору 794 шаҳид ва 89 ҳазору 364 нафар маҷрӯҳ расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳануз ҳазорон фаластинӣ дар зери оворҳо ҳастанд ва имкони имдодрасонӣ ба онҳо вуҷуд надорад.

https://tajikpress.com/2024/07/18

captcha